Маросими ҷоизасупории «Ҷило-2014». Қисми 1 (04.05.2014)

Длительность: 1:06:18 Просмотров: 4 077 Уникальных 7 Добавлено: 06. 05. 2014 Пользователь:
Описание 12-уми апрел дар шаҳри Душанбе аз Озмуни байналмилалии «Ҷило 2014», ки бо дастгирии Муассисаи давлатии телевизони «Сафина» маротибаи дуюм аст, ки гузаронида мешавад,
Душанбе, 14 апрел (ТВ "Сафина"). - натиҷагирӣ карда шуд ва ғолибони он муайян гардиданд. Ин лоиҳа имсол дар сатҳи байналмилалӣ ташкил карда шуда, дар он беҳтарин ҳунармандони форсигӯи ҷаҳон даъват шудаанд.

Дурахши ахтарон дар саҳна, ҳунарнамоиву маҳорати баланди касбӣ ва ҷилои онҳо давоми як сол, чунин буд ҳадафи лоиҳаи телевизионии «Ҷило». Дар маросими ҷамъбастии лоиҳаи телевизионии Ҷило-2014 роҳбарияти муассисаи давлатии Телевизиони Сафина меҳмононро шодбош намуда, ба намояндагони шарикони лоиҳа, ки дар ташкили он саҳми худро гузоштаанд, ифтихорномаву диплом супориданд. Дар рӯйхати саҳмгузорон ҳатто намояндагони муассиса ва ташкилоти хориҷӣ, аз ҷумла шабакаи телевизионии "Тулуъ"-и Афғонистон низ мавҷуд буд.

Хусусияти фарқунандаи озмуни Ҷило аз лоиҳаҳои пешинааш дар он ифода меёбад, ки имсол дар ин озмун ҳунармандони кишварҳои ҳамзабонамон, Афғонистону Эрон ҳам иштирок намуданд. Яъне лоиҳаи телевизионии Ҷило дар соли 2014 мақоми байналмилалиро касб кард.

Мақсади баргузории ин лоиҳаи телевизионӣ, саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанг ва санъати форсизабонони дунё буда, ҳадафи дигари он густариш додани равобити фарҳангӣ миёни ҳамзабонон мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳадафи дигар аз татбиқи ин лоиҳаи телевизионӣ пайгирӣ аз сиёсати фарҳангии давлату ҳукумати кишвар мебошад. Ҷилои имсола аз 12 наминатисия, аз ҷумла беҳтарин сарояндаи солу суруди сол, беҳтарин намоиши театрӣ, беҳтарин оҳанги шарқ ва ғайра иборат буд.

Аз миёни 200 довталаб ҳамагӣ 36 нафар барои иштирок дар ин озмун роҳхат ёфтанд ва тӯли бештар аз яке моҳи охир мухлисон ҷониби ҳунарманди писандидаи худ тариқи паёмак овоз доданд.

Дар ниҳоят ғолибон муайян шуданду дар вазъияти тантанавӣ соҳиби ҷоизаи озмуни Ҷило-2014 гардиданд.