Истиқболи футболбозони навраси кишвар дар шаҳри Душанбе (10.10.2018)

Истиқболи футболбозони навраси кишвар дар шаҳри Душанбе (10.10.2018)

Новости Таджикистана
895
Дата загрузки: 10.10.2018 20:02:51
Размер файла: 75 МБ
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур – барандаи медалҳои нуқра гардид, имрӯз 10-уми октябр ба Душанбе баргашт. Ба пешвози футболбозони наврас ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо нафар, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ – шаҳрдори Душанбе ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон омада буданд. Рустами Эмомалӣ ҳайати дасти мунтахаби наврасонро бо дастоварди бузургашон дар мусобиқоти Чемпионати Осиё табрик гуфта ва ба онҳо дар қаҳрамонии ҷаҳон муваффақият орзу намуд. Аз номи ҳайати даста Зайнидди Раҳимов ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои фароҳам кардани шароитҳои мусоид сипосгузорӣ намуд. Сарвони даста Эмомалӣ Аҳмадхон аз мухлисони футболи тоҷик барои пуштибониашон миннатдорӣ баён кард ва аз номи аҳли даста ваъда дод, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон натиҷаҳои баланд ба даст хоҳанд овард. Футболбозони наврас баъди лаҳзаҳои аз дохили фурудгоҳ берун омадан бо шодбоши сокинон рӯ ба рӯ шуданд ва онҳоро бо гулдаста, нидоҳои "қаҳрамон" ва "ифтихори миллат" пешвоз гирифтанд. Дастаи мунтахаби наврасон савори автобуси дуошёна, ки барои аввалин бор дар Душанбе бо ибтикори шаҳрдорӣ ба мусофиркашӣ шурӯъ хоҳад кард, роҳии Варзишгоҳи ҷумҳуриявии марказӣ шуданд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, инчунин соҳиби роҳхат ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бозигарони зери 17-сола гардид, ки соли оянда дар Перу доир хоҳад шуд.
Только зарегистрированные пользователи могут оставлять комментарии. Авторизуйтесь
0 комментариев

Добавить в альбом

выберите альбом...